Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Атлантик: Трамп пеш аз интихоботи миёндаврӣ ба дунболи ҳамла ба Эрон аст
Русия хатари ҳамагириро дар пайи марги корманди Институти тадқиқотии вабо рад кард
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Фоҷеаи оббозӣ. Дар панҷ моҳи ахир 49 нафар дар вилояти Хатлон ғарқ шудаанд
Дар вилояти Хатлон дар панҷ моҳу 15 рӯзи ахир 49 ҳодисаи ғарқ шудани сокинон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар додааст.
Бар асоси гуфтаи масъулин сабаби асосии ҳодисаҳои ғарқшавӣ риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва оббозии беэҳтиёткорона, бахусус дар маҳалҳое мебошад, ки барои шиноварӣ манъ ва хатарзо дониста мешавад. Бештари ҳалокатҳо дар обанборҳо, кӯлҳо, каналҳо ва дарёҳо ба қайд гирифта шудаанд. Ин маконҳо аксаран аз назари сокинон ва ниҳодҳои наҷотдиҳанда дур мемонанд.
Мақомоти милитсияи вилоят бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ амалиёти махсусро бо номи “Наҷот” роҳандозӣ кардаанд. Дар доираи он, кормандони милитсия, бахусус масъулини мубориза бо қонуншиканӣ миёни наврасону ҷавонон, ба минтақаҳои обии хатарнок сафарбар шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳисозиро дар миёни сокинон анҷом медиҳанд.
Мақомот аз падару модарон даъват мекунанд, дар фасли тобистон, ки шумораи истироҳаткунандагон дар соҳили дарё меафзояд, фарзандони худро дар вақти оббозӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон додааст, ки қисми зиёди қурбониён ноболиғонанд, ки бо сабаби набудани назорат ва надоштани маҳоратҳои кофии шиноварӣ дар об ғарқ мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти сайёҳӣ вусъат меёбад
Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён «Садои дил» баргузор мегардад
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон