Дар деҳаи Норин Ноҳияи Яван Маркази саломатӣ сохта шуд
Душанбеи 18-сола барои дуздии компютер боздошт шуд
Дар беморхонаи Марказии Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуъбаи таваллуд кушода шуд
Дар Хуҷанд Рӯзи корманди милитсия ҷашн гирифта шуд
08.11.2024 12:51
Дар Кушониен боғчаи кӯдакона бо арзиши 14 миллион сомонӣ кушода шуд
Дар идомаи сафари корӣ дар Вилояти Хатлон 7 ноябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони навро дар Шаҳраки Исмоили Сомонии Ноҳияи Кушониен ба истифода дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.
Барои сохтмон 14 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Бинои дуошенаи боғчаи кӯдакон дар сабки муосир сохта шудааст ва барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар он 8 ҳуҷраи таълимӣ, кабинети фарҳанг, нуқтаи тиббӣ, синфи компютерӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ерирасон мавҷуданд. Инчунин майдончаи варзишии кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ сохта шудааст.
Майдони умумии муассиса 4500 метри мураббаъ аст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
06.12.2024 16:37
Зани ӯзбекистонӣ ба феҳристи “100-зан” –и устувори “Би-би-сӣ” ворид шуд
Соҳибкор Дилором Юлдошева ба рӯйхати “100 зан” дар соли 2024 ҳамчун рамзи устуворӣ шомил гардид.
06.12.2024 16:27
Дар Ӯзбекистон ширкатҳои сохтмонӣ барои олуда кардани ҳаво ҷарима мешаванд
Дар Ӯзбекистон ширкатҳои сохтмоние, ки меъёрҳои экологиро вайрон намуда, ҳаворо олуда мекунанд, ҷарима хоҳанд шуд.
06.12.2024 16:19
Вазири тоҷик ҳайати кишвари Мисрро барои ширкат дар Конфронси ҳифзи пиряҳо даъват кард
Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рания Ал-Машат, Вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқот намуд.
06.12.2024 11:49
Дар Қазоқистон аз 4 амали террористӣ пешгирӣ кардаанд
Мақомоти амниятии Қазоқистон бо пешниҳоди ҳисоботи солона ба президент таъкид кардаанд, ки дар давоми соли 2024 аз 4 амали террористӣ пешгирӣ намудаанд.
06.12.2024 11:38
Муҳлати ваколати намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ анҷом ёфт
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала, ки аз соли 2021 инҷониб фаъолияти дипломатӣ дошт, мулоқот намуд.
06.12.2024 10:29
Ҳушдор ба тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ: дар гирдиҳамоиҳои оммавӣ ширкат накунед!
Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд, муроҷиат намуда, аз онҳо хостааст, ки аз ҳар гуна ширкат дар гирдиҳамоӣ ва ҳамоишҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.
06.12.2024 09:20
Буҷети давлатӣ қабул шуд: он нисбат ба соли гузашта 15, 4 % зиёд аст
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети соли 2025 – ро тасвиб кард. Ҳаҷми буҷети давлатии соли 2025 49, 6 миллиард сомонӣ (беш аз 4, 5 миллард доллар) пешбинӣ шудааст. Тасдиқи буҷети соли 2025 нисбат ба соли 2024 6, 6 миллиард сомонӣ ё 15, 4 фоиз зиёд аст. Дар қонуни буҷети соли 2025 хароҷоти буҷет 51, 6 миллиард сомонӣ, яъне 2 миллиард сомонӣ бештар мебошад.
06.12.2024 08:09
Пашинян гуфт Араманистон аз узвияти СААД хориҷ мешавад
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон рӯзи 4-уми декабр зимни суханронӣ дар палумони ин кишвар гуфт, ки Арманистон худро берун аз Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) медонад ва бозгашти кишварашро ба ин Созмон ғайриимкон хонд. Дар ин хусус расонаҳои ин кишвар хабар додаанд.
05.12.2024 15:49
Эмомалӣ Раҳмон бинои Филармонияи давлатиро баъд аз навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои Филармонияи давлатиро, ки навсозӣ ва таъмири замонавӣ шуд, ифтитоҳ намуданд.
05.12.2024 15:36
Қазоқистону Қирғизистон аз Иссиккӯл то Алмаато роҳ месозанд
Ҳукумати кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки аз Алмаато то Иссиккӯл роҳ созанд. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон хабар додааст.
05.12.2024 15:28
Сиёсатмадори тоҷик дар Қирғизистон вазифаи нав гирифт
Раиси ҷамъияти Тоҷикони ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Равшанбек Собиров бо фармони президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба вазифаи Вазири кору ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон таъин гардид.
05.12.2024 15:12
Машқҳои низомии СААД соли 2025 дар Қирғизистон, Беларус ва Тоҷикистон доир мешавад
Дар соли 2025 машқҳои низомии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Беларусия мегузарад. Дар ин хусус, дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмағамбетов дар нишасти матбуотӣ хабар дод.