В Узбекистане застройщиков обяжут использовать местные стройматериалы в госстройках
Иран ударил по базам США в Бахрейне
В 25 странах Европы прошли молодежные протесты
Трамп заявил, что не будет принимать решений по Украине без участия Киева
Форуми 2-юми байналмилалии кишварҳои ИДМ оид ба ғизои мактабӣ дар Душанбе ҷараён дорад
20-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми 2-юми байналмилалии кишварҳои ИДМ оид ба ғизои мактабӣ бо номи “Ғизои мактабӣ – сармоягузорӣ ба насли миллати солим” ба кори худ оғоз намуд.
Дар форуми мазкур сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо, шарикон оид ба рушд ва доираи васеи мутахассисону коршиносони соҳа ширкат иштирок доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 инҷониб Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати амали намудани ғизои мактабӣ дар кишвар амалӣ мегардад. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 440 ҳазор мактаббача дар 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳия тавассути ин барнома ҳамарӯза хӯроки гарм тановул мекунанд.
Ҳамчунин, дар кишвар ҳоло барои ҷорӣ намудани низоми самараноки идоракунӣ, модернизатсияи базаи моддӣ-техникии ошхонаҳо ва таъмини ғизои мактабии босифат “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 2027” татбиқ мегардад.
Dialog.TJ
Лента
Национальный музей Таджикистана планирует привлечь опыт Республики Корея для модернизации лабораторий и залов
Трамп выложил совместную фотографию с Путиным с подписью «Мой друг»
В Узбекистане застройщиков обяжут использовать местные стройматериалы в госстройках
В Душанбе определили победителей конкурса «Ремесленник года»